Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи сангини хабарнигори эронӣ дар зиндони Эвин


Маҳбаси Евини Теҳрон
Маҳбаси Евини Теҳрон
Хабарнигор ва ҳомии ҳуқуқи башари озариасли эронӣ Саийд Матинпур дар маҳбаси Евини Теҳрон дар ҳоли сангин қарор дорад.

Отия Тоҳирӣ, хонуми Матинпур ба Радиои Фардо гуфт, ки ҳамсараш баъд аз боздошт дар моҳи декабри соли 2009 аз маризи қалб азият мекашад.

Матинпур соли гузашта бо иттиҳоми “робита бо хориҷиён” ва “тарғиботи зидди ҳукумат” барои ҳафт сол маҳкум ба зиндон шуд.

Хонум Отия Тоҳирӣ изҳор намуд, ки баъд аз арзу шикояти ботакрор ва номаи табиби маҳбас ба додгоҳ ва додситонӣ, ба Матинпур барои тарки маҳбас ба хотири муолиҷа иҷоза надоданд.

Аз ин пеш Сайид Матинпур моҳи майи соли 2007 дар шаҳри Занҷон боздошт шуда буд ва аммо баъди 278 рӯз пас аз пардохти гаравпулӣ маҳбасро тарк намуда буд.
XS
SM
MD
LG