Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати як тан аз хешовандони Карзай дар Қандаҳор


Ҳомид Карзай ва вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс
Ҳомид Карзай ва вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс
Дар ҷараёни амалиёти вижаи нерӯҳои амрикоӣ дар ҷануби Афғонистон писари амаки раисиҷумҳур Ҳомид Карзай кушта шуд.

Раиси ноҳияи Данди вилояти Қандаҳор Ҳамидулло Нозук гуфт, ки Ёрмуҳаммадхон шоми чаҳоршанбе ҳангоми ҳамла ба манзилаш ҳадафи тир қарор гирифт.

Ба гуфтаи Аҳмадвалӣ Карзай, бародари раисиҷумҳур, ки раёсати Шӯрои минтақаии Қандаҳорро бар дӯш дорад, Ёрмуҳаммадхон иштибоҳан кушта шудааст.

Аз ин пеш Ҳомид Карзай низомиёни хориҷиро барои ҳалокати мардуми осоишта дар амалиётҳои ҷангӣ чандин бор ҳадафи танқид қарор дода буд.
XS
SM
MD
LG