Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таҳлилгарон гуфтугӯҳо бар сари тарҳҳои энержии Тоҷикистону Покистонро "марҳилаи нави зиндагисоз" медонанд.

Баррасиҳо нишон додааст, ки татбиқи тарҳҳои бузурги энержӣ, бахусус, тарҳи "СASA-1000" метавонад дар бахши иқтисодию иҷтимоӣ дар шарёни кишварҳои минтақа хуни гарме ҷорӣ кунад ва афзалияти ҳамкориҳои иҷтимоиро аз кашокашҳои низомӣ бештар ҷилва диҳад.

Дар ҷараёни музокироти раисҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои покистонияш роҳҳои татбиқи тарҳи "CASA-1000", ки ба хотири интиқоли нерӯи барқи Осиёи Марказӣ ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ таҳия шудааст, меҳвари асосӣ ба шумор меояд.

Шодӣ Шабдолов

Шодӣ Шабдолов, вакили Маҷлиси Намоядагон ва раҳбари Ҳизби коммунист, мегӯяд, "татбиқи тарҳҳои марбут ба энержӣ ва сохтмони нерӯгоҳҳои азим дар Тоҷикистон ва Қирғизистон бисёр муҳим аст. Татбиқи ҳарчӣ зудтари тарҳи "CASA-1000" барои таккон додани ин ҳамкориҳо зарур буда, кишварҳои ҷангзадаи минтақаро ба як минтақаи стратегӣ ва сулҳу оромӣ табдил хоҳад дод."

Таҳлилгароне, ки воқеоти низомӣ, сиёсӣ ва иҷтисодию иҷтимоии Осиёи Марказиро дунбол доранд, мегӯянд, тайи як соли ахир мавқеи кишварҳои ғарбӣ дар робита ба вазъи мавҷуди минтақа тағйир хӯрда, ҳамкориҳои иқтисодӣ, аз ҷумла татбиқи тарҳҳои муҳим дар бахши энержӣ афзал дониста мешаванд.

Рустам Ҳайдаров, коршиноси мустақили тоҷик, гуфт, ҳоло дар Иттиҳодияи Аврупо як тарҳи бозсозии Афғонистон таҳия шуда ва пас аз хуруҷи нерӯҳои НАТО рӯи даст гирифта хоҳад шуд, ки нақши Тоҷикистону Қирғизистон дар он муҳим ба шумор меояд

"Нерӯгоҳҳои бузури Тоҷикистону Қирғизистон бар асоси захоири обии ин кишварҳо бахши муҳим дониста шудаанд. Зеро бе барқи арзон ва аз лиҳози экологӣ мувофиқи ин ду кишвари минтақа саноати Афғонистон пешрафт нахоҳад кард"
,-афзуд ӯ.

Давлат Усмон

Давлат Усмон, коршиноси дигари тоҷик ба ин бовар аст, ки кишварҳои ғарбӣ, ки тӯли чанд сол пойҳояшон дар гили Афғонистон ғӯтида буд, дарк кардаанд, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳузури худро тақвият дода наметавонанд ва акнун мехоҳанд инро бо роҳи сармоягузорӣ дар бахшҳои муҳими иқтисодии кишварҳои минтақа амалӣ кунанд.

Ба назари ҷаноби Усмон, сафари расмӣ ва чаҳоррӯзаи президент Раҳмон ба Покистон ва гуфтугӯи ӯ бо мақомоти аршади Исломобод бар рӯи ҳамин масоил будааст.

Вай гуфт, "дар Афғонистон нишонаҳои нокомии Ғарб зоҳир шуд. Аз ин рӯ, ба ин натиҷа расидааст, ки бо ҳаракат ба самти иқтисодӣ мушкилоташро кам ҳам бошад ҳал кунад. Фикр мекунам, сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон тарҳрезишуда аст. Сохтани як иттиҳодияи иқтисодӣ ҳатто бо шумули Русия ва Афғонистону Покистону Тоҷикистону Қирғизистон рӯи даст аст."

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG