Пайвандҳои дастрасӣ

Тарҳи нави Қонуни асосии Маҷористон нашр шуд


Сарвазири Маҷористон Виктор Орбан

Сарвазири Маҷористон Виктор Орбан

Дар Ҷумҳурии Маҷористон ё Венгрия тарҳи Қонуни асосии нав нашр шуд, ки дар он унвони кишвари тағйир дода ва ҳаҷми ниҳоии қарзи кишвар муқаррар шудааст.

Пешниҳод шудааст, ки аз ин баъд кишвар на “Ҷумҳурии Маҷористон” балки фақат “Маҷористон” номида шавад.

Ҳамчунин муқаррар шудааст, ки ҳаҷми қарзи миллии кишвар набояд аз 50 дар сади тавлидоти нохолиси миллӣ бештар бошад.

Тарҳи нави Қонуни асосӣ рӯзи 14 март барои баррасӣ ба парлумон ироа мешавад.

Коршиносон ба пазируфта шудани тарҳ шубҳа надоранд, зеро бештари курсиҳои парлумон дар ихтиёри ҳизби ҳокими ФИДЕС мебошад.
XS
SM
MD
LG