Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирофи Шӯрои миллии Либия аз сӯи Фаронса


Набардҳо барои Рас-Лануф идома доранд
Набардҳо барои Рас-Лануф идома доранд
Имрӯз дар шаҳри Афина музокироти фиристодаи Муаммар Қаззофӣ бо муовини вазири умури хориҷии Юнон баргузор шуд.

Аз ин пеш, ба иттилоъи хабаргузории ДПА, намояндаи расмии Қаззофӣ бо вазири умури хориҷии Португалия Луиш Амаду мулоқот дошт. Дар бораи ҷузъиёти ин мулоқотҳо иттилоъ дода нашудааст.

Имрӯз Фаронса изҳор намуд, ки Шӯрои миллии таъсискардаи ошӯбгаронро чун ниҳоди қонунии мудофеъ аз манофеъи мардуми Либия эътироф кардааст.

Дар ҳамин ҳол дар шимоли Либия набардҳо миёни нерӯҳои вафодор ба Қаззофӣ ва ошӯбгарон идома доранд.

Бар пояи хабарҳои ахир, нерӯҳои ҳукуматӣ то ба канори шаҳри Рас-Лануф расиданд ва задухӯрдҳо дар ин ҷо идома доранд.

Шаҳри Аз-Зовия то ҳанӯз дар муҳосираи нерӯҳои вафодор ба Қаззофӣ мебошад.
XS
SM
MD
LG