Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Либия коҳиши истихроҷи нафтро эътироф кард


Раиси Ширкати миллии нафтии Либия Шукрӣ Ғанем дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар Триполӣ гуфт, ки бар асари нооромиҳо истихроҷи нафт дар кишвар коҳиш ёфтааст.

"Истихроҷи нафт поийн рафт ва он ҳоло ниммиллион бушка дар як рӯзро ташкил медиҳад, қаблан якуним миллион бушка нафт дар як рӯз тавлид мешуд. Вақте бенизомиҳо шурӯъ шуданд, барои мо муҳим аз ҳама таъмини амнияти кормандони чоҳҳои нафт дар биёбон ва таъмини амнияту ҳолати кории таҷҳизот буд", изҳор намуд Шукрӣ Ғанем.

Коҳиши тавлиди нафт боиси боло рафтани қиммати он дар бозори ҷаҳонӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол авзоъ дар Либия дар меҳвари нишастҳои вазирони умури хориҷии узви Иттиҳодияи Аврупо ва вазирони дифоъи кишварҳои узви Паймони НАТО қарор хоҳад дошт. Ин нишастҳо имрӯз дар Брюссел баргузор мешаванд.

Кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО аз раҳбари Либия Муамар Қаззофӣ талаб доранд, ки ба истеъфо раванд. Ва аммо онҳо дар мавриди эълони минтақаҳои мамнӯъ барои парвозҳо дар Либия мавқеъи воҳид надоранд.

Фаронса ва Бритониё аз қатъномаи Шӯрои амният дар ин бора пуштибонӣ мекунанд ва аммо чанд кишвар, аз ҷумла, Амрико мегӯянд, ки барои эълони минтақаҳои мамнӯъ барои парвозҳо дар Либия пуштибонии густурдаи ҷомеъаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла, кишварҳои арабӣ зарур аст.

Ба иттилоъи хабаргузории ДПА, рӯзи чаҳоршанбе намояндаи расмии Қаззофӣ бо вазири умури хориҷии Португалия Луиш Амаду мулоқот дошт. Дар бораи ҷузъиёти ин мулоқот иттилоъ дода нашудааст.
XS
SM
MD
LG