Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Далай-лама фақат раҳбари рӯҳонии Тибет боқӣ мемонад


Далай-лама изҳор намуд, ки мехоҳад аз раҳбарии сиёсии ҳукумати дар ҳиҷрати Тибет канор равад.

Дар ин бора ӯ имрӯз зимни суханронӣ дар шаҳри Дхармсала, воқеъ дар шимоли Ҳиндустон, хабар дод. Ҳукумати дар ҳиҷрати Тибет дар ҳамин шаҳр мустақар аст.

Далай-лама афзуд, ки ӯ раҳбари рӯҳонии буддоии Тибет боқӣ хоҳад монд.

Интизор меравад, ки парлумони дар муҳоҷирати Тибет мавзӯъи тағйирот дар раҳбарии сиёсии ҳукуматро аввалҳои ҳафтаи оянда баррасӣ кунад.

Далай-лама соли 1959 баъди аз сӯи Чин забт шудани Тибет ин минтақаро тарк карда буд.
XS
SM
MD
LG