Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солеҳ бархе ваколатҳояшро ба парлумон вомегузорад


Раисиҷумҳури Яман Алӣ Абдулло Солеҳ ваъда дод, ки Қонуни асосии кишварро тағийр медиҳад ва бархе аз ваколатҳояшро дар ихтиёри парлумон мегузорад.

Ӯ афзуд, ки раъйпурсӣ дар робита ба тағйирот ба Қонуни асосӣ шояд ҳамин сол баргузор шавад.

Сарвари Яман ҳамчунин пешниҳод намуд, ки ҳукумати ваҳдати миллӣ таъсис шавад ва он қонуни нави интихоботро таҳия кунад.

Мухолифин барои истеъфои Алӣ Абдулло Солеҳ, ки сӣ сол боз дар раъси кишвар аст, пойфишорӣ доранд.

Намоишҳои эътирозӣ дар кишвар чанд ҳафта боз идома мекунанд ва дар ҷараёни бархӯрди мухолифин бо кормандони полис тақрибан 30 нафар ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG