Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба таҳримҳо алайҳи Либия ҳамроҳ шуд


Русия ба таҳримҳои Шӯрои амнияти СММ алайҳи Либия ҳамроҳ шуд.

Тибқи амри ахиран имзокардаи раисиҷумҳур Дмитрий Медведев, фурӯши ҳама гуна силоҳ, тир ва техникаи низомии Русия ва ироаи хадамоти марбут ба фаъолияти низомӣ ба Либия мамнӯъ эълон шудааст.

Охирҳои моҳи гузашта Шӯрои амнияти СММ алайҳи Либия таҳримҳо ҷорӣ намуд, ки он манъи фурӯши силоҳ, мунҷамид сохтани ҳисобҳои бонкии раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ ва сафари аҳли хонаводаи ӯ ба хориҷи Либияро дарбар мегирад.
XS
SM
MD
LG