Пайвандҳои дастрасӣ

Мусобиқаи ҷумҳуриявии варзишҳои майдонӣ, ки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе тӯли ду рӯз идома кард, ба анҷом расид.

Рашид Мирзоев, сардовари ин мусобиқа, гуфт, дар рақобатҳо беш аз 200 варзишгар аз ҳамаи манотиқи кишвар иштирок доштанд.

Варзишгарони Душанбе - Даврон Атабоев, Фарҳод Қуралов, Сайёд Зайниддинов, ва Аҷмал Амиров дар давидан ба масофаҳои гуногун соҳиби медалҳои тилло шудаанд.

Душанбегиҳо Алишер Эшбеков дар гурзандозӣ, Азизбек Гулов дар ҷаҳидан ба дарозӣ ва ҷаҳиши секарата дар ҷойҳои аввал қарор гирифтанд.

Ф.Сулаймонов дар партови диск ва Александр Пронженко (ҳарду аз вилояти Суғд) дар ҷаҳидан ба баландӣ байни мардон пирӯзӣ ба даст овардаанд.

Дар сабқати занон душанбегиҳо Олга Эшмуродова, Инга Шаснович, Нилуфар Мирзоева ва Муниса Раҳимова, инчунин, Нилуфар Тошева, аз шаҳри Турсунзода, дар давидан ба масофаҳои мухталиф ҷойҳои аввалро соҳиб шуданд.

Суман Пардазода, аз вилояти Хатлон, дар ҷаҳидан ба дарозӣ, Кристина Пронженко (Суғд) дар ҷаҳидан ба баландӣ, Наргис Бозорова (Суғд) дар ду намуд - партови диск ва гурзандозӣ мақоми аввалро касб карданд.

Дар эстафетаи 4х400 м дастаи "Душанбе-1" миёни занон ва тими "Душанбе-2" миёни мардон пирӯз шуданд.
XS
SM
MD
LG