Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Камбуди озуқа сарчашмаи ноамниҳои қарни 21?


Лестер Браун, мудири Пажӯҳишгоҳи Сиёсати Замин
Лестер Браун, мудири Пажӯҳишгоҳи Сиёсати Замин

Мудири Пажӯҳишгоҳи Сиёсати Замин мегӯяд, камбуди озуқа аз бузургтарин мушкилҳои амниятӣ хоҳад буд.

Дар як сӯҳбати хос бо "Озодӣ" Лестер Браун, мудири Пажӯҳишгоҳи Сиёсати Замин гуфт, фишор болои табиат, ки дар шакли тағйири иқлим, инқирози заминҳои кишт ва камбуди захираҳои обӣ зуҳур намудааст, метавонад ба як тӯфони нерӯманде табдил ёбад, ки сохтори феълии иқтисодро барҳам зада, боис ба тавсеаи нооромиҳо шавад.

"ҲАЛҚАИ ЗАИФИ ЗАНҶИР"

Лестер Браун, донишманди маъруфи амрикоӣ, дар як гузориши муфассале таҳдидҳои амниятӣ ба олам дар асри 21-ум ва роҳҳои ҷилавгирӣ аз онро таҳқиқ намудааст. Вай гуфт, "дар муддати тӯлоние, ки ман фурӯпошии тамаддунҳои даврони пешро таҳқиқ кардаам, дарк намудам, ки аксаран сабаби фурӯпошии онҳо камбуди ғизо набудааст. Аз ин рӯ ҳеҷ қабул надоштам, ки дар тамаддуни кунунии саросарӣ камбуди ғизо ба истилоҳ “ҳалқаи заифи занҷир” аст. Вале ба тадриҷ бовар ҳосил мекунам, ки воқеан камбуди ғизо нуқтаи заъфи тамаддуни имрӯза аст. Ба фикрам имрӯз мо шоҳиди афзоиши нархи маводи ғизоӣ дар саросари олам ва сабқати рӯзафзун барои дастрасӣ ба озуқа, замини кишт ва захираҳои обӣ ҳастем. Метавон гуфт, дар рӯ ба рӯи пайдоиши камбуди ғизо мо шоҳиди сиёсати ҷуғрофиёии нав мешавем."

Ба ақидаи Браун ва пажӯҳишгоҳи зери раҳбарии ӯ, барои ҷилавгирӣ аз фоҷеаҳои хурду бузург ҳалли чанд муаммо зарур аст. Яке коҳиши партоби гази карбон, ки бояд суръат ва вусъати бештар касб кунад.

АФЗОИШИ АҲОЛИИ ОЛАМ

Браун бо ишора ба обшавӣ ва хурдшавии пиряхҳо, яъне захираи асосии оби олам, исрор меварзад, ки барномаи саросарии 80 дарсад коҳиш додани партоби гази карбон бояд то соли 2020-ум иҷро бишавад, на он тавре ки пешбинӣ шудааст, то соли 2050-ум.

Мудири Пажӯҳишгоҳи Сиёсати Замин зарурати устувор ва пешгӯишаванда будани мизони афзоиши аҳолии оламро низ таъкид менамояд. Ба қавли Браун, дар баъзе аз гӯшаҳои олам афзоиши аҳолӣ мутаваққиф шудааст, зеро гуруснагиву бемориҳо мизони фавти кӯдаконро боло бурдааст.

Дар масъалаи болоравии нархҳо хуб аст, ки мушкилиҳои зербиноӣ ва ба истилоҳ ангезаҳои он ба монанди тағйири иқлим, камбуди об, афзоиши аҳолӣ ва ё инқирози заминҳои кишт ҳаллу фасл шаванд, то болоравии нархҳо низ то ҳадде коҳиш ёбад...


Дар ин замина Браун ба мубориза бо камбизоатӣ ҳамчун роҳи устувор нигаҳ доштани мизони рушди аҳолӣ ишора мекунад. Сеюм, ба фикри Браун аҳли олам бояд низоми табии пуштибонӣ аз рушди иқтисодро барқарор кунанд. Яъне ҷангалҳои харобгашта, заминҳои намакзада, ҳайвоноту набоботи ҷангалҳову уқёнусҳо ва ҳамзамон пиряхҳо мавриди муҳофизат ва эҳё қарор гиранд. Ба қавли ӯ, бидуни захираҳои табиӣ иқтисод аз рушд барканор хоҳад монд.

БЕЭЪТИМОДӢ БА G-20


Билохира, Браун имтиёзҳои иқтисодиро ёд мекунад, ки барои рушд муҳим ҳастанд. Ӯ мегӯяд, агар андоз аз даромад коҳиш ёбаду молиёти партоби гази карбон зиёд шавад, соҳибкорон ба истифодаи нерӯи боду офтоб таваҷҷӯҳи бештар зоҳир хоҳанд кард.

Профессор Браун ба кӯшишҳои дастаҷамъии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар чорчӯби Созмони милал ва ё гурӯҳи 20 кишвари саноатии олам маъруф бо номи G-20 зиёд эътимод надорад.

Ӯ мегӯяд: “Медонед, агар хоҳем, ки ин гурӯҳҳо ягон кори арзандаро ба сомон расонанд, пас Амрико бояд нақши нерӯи пешбарандаро дар ӯҳда гирад. Агар Амрико ин корро кунад, дигарон ба ин кишвар пайравӣ мекунанд. Интизории зиёде аз СММ надорам, зеро дар он ҷо 190 кишвари узв аст ва табиист, ки он наметавонад зуд тасмим гирад. Ҳамин гуна аз G-20 ҳам интизориҳои ман бузург нест.”

Дар поёни сӯҳбат Лестер Браун донишманди маъруфи амрикоӣ ва мудири Пажӯҳишгоҳи Сиёсати Замин бори дигар таъкид кард, ки дар масъалаи болоравии нархҳо хуб аст, ки мушкилиҳои зербиноӣ ва ба истилоҳ ангезаҳои он ба монанди тағйири иқлим, камбуди об, афзоиши аҳолӣ ва ё инқирози заминҳои кишт ҳаллу фасл шаванд, то болоравии нархҳо низ то ҳадде коҳиш ёбад.

XS
SM
MD
LG