Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талошҳо барои беҳбуди равобити Амрикову Русия


Дмитрий Медведев, раисҷумҳури Русия бо Ҷо Байден, муовини раисҷумҳури Амрико
Дмитрий Медведев, раисҷумҳури Русия бо Ҷо Байден, муовини раисҷумҳури Амрико

Ҷо Байден дар идомаи боздиди худ аз Русия, бо Владимир Путин ва созмонҳои ҷамъиятӣ гуфтугӯ мекунад.

Интизор меравад дар мулоқоти худ дар Донишгоҳи давлатии Маскав, Ҷо Байден перомуни нақшаҳои Барак Обама, раисҷумҳури Амрико дар робита ба муносиботи Амрикову Русия суханронӣ кунад.

Ҷаноби Байден дирӯз, 9-уми март, дар оғози боздиди худ аз Русия, бо Дмитрий Медведев, раисҷумҳури ин кишвар мулоқот кард. Кохи Сафед мегӯяд, Байден умед дорад, ки муносиботи Амрикову Русияро “барқарор” кунад.

МЕДВЕДЕВ: "МУНОСИБАТ "БЕҲБУД" ЁФААСТ"


Ду ҷониб дар мулоқоти худ нақшаҳои зиддунақизи Амрико дар бораи эҷоди сипари зиддимушакии Амрико дар Аврупоро баррасӣ карданд.

Масъалаи “барқарор”-ии муносиботи Амрикову Русияро ду сол пеш Барак Обама, раисҷумҳури Амрико матраҳ карда буд. Мулоқоти Байден ва Медведев дар осоишгоҳи раисҷумҳури Русия дар наздикии Маскав анҷом гирифт.

Медведев дар ин мулоқот ёдоварӣ кард, ки дар давоми як соли гузашта муносиботи ду ҷониб “хеле беҳбуд” ёфтааст ва ҳар ду кишвар Аҳдномаи нави коҳиши аслиҳаи стротегиро ба тасвиб расондаанд.

Вале дар бораи ҳамкориҳои иқтисодӣ Медведев чунин гуфт: “Ба назари ман, муносиботи иқтисодии мо аз муносиботи сиёсӣ ба таври қобили мулоҳиза ақиб мондааст. Дар ин замина бояд гуфт, ки Русия узви Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат нест ва ин мушкил эҷод мекунад. Умед дорам, ки соли ҷорӣ раванди даромадан ба узвияти ин созмон бо ҳимояти фаъоли Амрико ба поён мерасад.”

18 СОЛИ ТАЛОШ БАРОИ WTO

Дар хориҷ аз чаҳорчӯбаи Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат, Русия бузургтарин иқтисод ба шумор меравад ва 18 сол аст, ки барои даромадан ба он талош мекунад.

Раҳбарони Русия ҳамчунин ба масъалаҳои муҳими сиёсӣ, аз ҷумла ба ҳамкорӣ бо паймони НАТО дар бораи масъалаи дифои мушакӣ, ба инқилобҳои демократӣ дар кишварҳои Ховари Миёнаву Африқои Шимолӣ ишора карданд. Медведев гуфт, ҳалли ин масоил кӯшишҳои муштараки ҳар ду кишварро тақозо мекунад.

Ҷо Байден дар посух изҳор дошт, ки барномаи “барқарор”-ии муносиботи Амрикову Русия шаку шубҳаҳои иштибоҳиро дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба роҷеъ ба Афғонистон ва назорат бар аслиҳа аз миён бардоштааст.

ТАЪКИДҲОИ БАЙДЕН БА МАҚОМОТИ РУСИЯ

Вай гуфт, “ба ин сабаб дар ин ҷо ҳастам, ки президент Обама мехоҳад ман ин нуктаро рӯшан бигӯям, ки мо мехоҳем пешравиҳоро идома диҳем, пешравиҳоеро, ки мо дар ин муддат дар ҷабҳаи иқтисодӣ ва ҳамкории иқтисодӣ ба даст овардем. Мо хеле мехоҳем дар нақшаҳои шумо барои ҷорӣ кардани навовариҳо дар Русия ва тағиру таҷдиди он саҳм бигирем”.

Байден дар мулоқотҳои худ дар Маскав ҳамчунин таъкид кард, ки Русия бояд ришвахориро аз байн барад ва заминаҳои қонунии ҷалби сармояҳои хориҷиро фароҳам орад.

Сармоягузорон бояд бовар дошта бошанд, ки сармояҳои онҳо тибқи қонун истифода мешавад.

Дар Сколковои Русия Ҷо Байден шоҳиди имзои қарордоди ҳамкории миёни корхонаи ҳавопаймосозии "Боинг"-и Амрико ва ширкати "Аэрофлот"-и Русия шуд. Бар асоси ин қарордод, "Аэрофлот" аз Амрико 8 ҳавопаймои "Боинг" харидорӣ мекунад.

Ҷо Байден рӯзи ҷумъа, 11-уми март, боздиди худро аз Русия поён медиҳад ва ба Молдова меравад.

XS
SM
MD
LG