Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз дар Бруссел масъалаи Либия баррасӣ мешавад


Дар ҳоле, ки дар Либия даргириҳо миёни нируҳои ҷонибдори Муаммар Қаззофӣ ва шӯришиён идома дорад, интизор меравад, ки имрӯз дар Бруссел масъалаи ҳали бӯҳрони ин кишвар дар садри масъалаҳои дастури рӯзи мулоқоти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ва паймони НАТО қарор бигирад. Вазирони хориҷӣ қабл аз мулоқоти рӯзи ҷумъаи раҳбарони кишварҳои узв бо ҳам ин масъаларо баррасӣ мекунанд. Имрӯз ҳамзамон бо мулоқоти вазирони хориҷӣ мулоқоти вазирони дифои 28 кишвари узви паймони НАТО дар назар гирифта шудааст. Кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО бар ин назаранд, ки бояд Муаммар Қаззофӣ-раҳбари “дарозумр”-и Либия аз мақоми худ канор биравад. Вале дар мавриди минтақаи ғайрипарвоз эълон кардани ҳарими ҳавоии Либия ваҳдати назар вуҷуд надорад. Фаронсаву Британия ҷонибдори пешниҳоди СММ дар бораи эълони минтақаи ғайрипарвоз мебошанд, вале Амрико ба ин пешниҳод мухолифат дорад ва мегӯяд, бояд ин тасмим бо кишварҳои дигар, аз ҷумла бо кишварҳои арабӣ ҳамоҳанг шавад.
XS
SM
MD
LG