Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Когресси Амрико тундгароии исломӣ баррасӣ мешавад


Интизор меравад, ки имрӯз дар Маҷлиси Намояндагони Конгресси Амрико масъалаи тундгароии исломии баъзе аз аъзои ҷамъиятҳои мусулмони Амрико баррасӣ шавад. Питер Кинг-раиси Кумитаи амнияти миллии Маҷлиси Намояндагон изҳори нигаронӣ кард, ки ал Қоида ва гурӯҳҳои зери итоати он талош доранд баъзе мусулмонони Амрикоро барои анҷоми амалиёти террористии худ ҷалб кунанд. Бино ба гуфтаи вай, имомхатибони масоҷид ва ҷамъиятҳои мусулмонон барои пешгирӣ аз тундгароӣ талоши кофӣ ба харҷ намедиҳанд ва барои ҷилавгирӣ аз фаъолиятҳои террористӣ бо ниҳодҳои интизомӣ ҳамкорӣ намекунанд.
XS
SM
MD
LG