Пайвандҳои дастрасӣ

Писари президенти пешини Чеченистон боздошт шуд


Дегӣ Дудаев-писари Ҷоҳар Дудаев ҳангоми фурӯши шиносномаҳои тақаллубии Литва боздошт шудааст. Додситонии шаҳри Вилнюс гуфтааст, писари раиси ҷумҳури собиқи Чеченистон талош доштааст ин шиносномаҳоро ба афроди номаълуми чечен бидиҳад. Чаҳор нафар аз сокинони шаҳри Каунас низ дар робита бо дуруст кардани шиносномаҳои тақаллубӣ ва асноди дигар боздошт шудаанд. Додситонӣ гуфтааст, мумкин аст Дегӣ Дудаев бо ин кори ғайриқонунӣ чанд муддат машғул шуда бошад. Чеченҳо бо шиносномаҳои тақаллубии кишварҳои дигар талош мекунанд вориди қаламрави кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо шаванд.
XS
SM
MD
LG