Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Либия дар задухурдҳо 2 таъсисоти нафтӣ оташ гирифт


Дар ҷараёни ҷангҳои нируҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ-раҳбари Либия ва шӯришиёни ин кишвар ду таъсисоти нафтӣ оташ гирифтааст. Бино ба гузоришҳо аз Рас Лануф, дар таъсисоти нафтии Сидр инфиҷор ба амал омадааст. Мустафо Ғерионӣ-сухангӯи шӯришиён гуфтааст, оташи тупхонаи нируҳои ҳукуматӣ ба лулаи нафти Сидр бархӯрдааст. Ин лула нафтро аз биёбон ба таъсисоти Сидр интиқол медодааст. Қаблан Қаззофӣ ҳушдор дода буд, ки агар кишварҳои ғарбӣ ҳарими ҳавоии Либияро минтақаи ғайрипарвоз эълон кунанд, дар он сурат мардуми Либия “аслиҳа ба даст” хоҳанд гирифт. Қаззофӣ гуфтааст, Амрикову Фаронса ва Британия мехоҳанд контрол бар захоири нафти Либияро ба даст дароранд.
XS
SM
MD
LG