Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бародеӣ номзадии худро ба раёсати ҷумҳурӣ пешбарӣ мекунад


Муҳаммад ал Бародеӣ-раиси пешини Ожонси Байналмиллалии Энержии Ҳастаии вобаста ба СММ эълон кардааст, ки худро дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Миср номзад мекунад. Вай ҳамзамон даъват кардааст, ки дар ин кишвар ислоҳоти густардаи демократӣ анҷом бигирад. Бародеӣ, ки барандаи Ҷоизаи Сулҳи Нобел мебошад, дар мусоҳиба бо телевизиони Миср дархост кард, ки пешнависи Қонуни Асосии нави Миср таҳия шавад ва бар асоси он бояд заминаҳои таҳкими демократия фароҳам ояд. Бародеӣ гуфт, тағироте, ки барои он 19-ӯми март райдиҳӣ сурат мегирад, ғайри қобили қабул аст.
XS
SM
MD
LG