Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шумораи миллиардерҳои Русия аз 100 нафар гузашт


Маҷаллаи "Forbes" мегӯяд, ҳоло Русия бештар аз 100 нафар миллиардер дорад ва нисбат ба ҳар шаҳри дигари дунё дар Маскав миллиардерҳо дар он бештар ба сар мебаранд. Пули ин миллиардерҳо бо доллар ҳисоб шудааст. Бино ба навиштаи ин маҷаллаи амрикоӣ соли гузашта дар Русия 62 нафар миллиардер будааст, вале дар давоми як соли гузашта шумораи онҳо ба 101 нафар расидааст. 79 нафари онҳо дар Маскав ба сар мебаранд. Дар саросари Аврупо 300 нафар миллиардер вуҷуд доштааст ва сеяки онҳо дар Русияанд. Бино ба навиштаи "Forbes", аз 100 нафар доротарин одамони дунё 15 нафараш дар Русия зиндагӣ мекунанд. Дороии Владимир Лисин-сарватмандтарин шахси Русия 24 миллиард доллар баровард шудааст ва вай дар феҳристи доротарин афроди дунё дар зинаи 14-ӯм ҷой гирифтааст. Маҷаллаи "Forbes" мегӯяд, Карлос Слим-ғули мухобиротии Мексика бо 74 миллиард доллар дар зинаи аввали миллиардерҳои ҷаҳон аст. Билл Гейтс-муассиси Microsoft бо 56 миллиард доллар дар зинаи дуввуми сарватмандони ҷаҳон боқӣ мондааст. Ҳоло дар ҷаҳон 1 210 нафар миллиардер вуҷуд дорад.
XS
SM
MD
LG