Пайвандҳои дастрасӣ

Дархости шӯришиёни Либия аз маҳофили байналмиллалӣ


Дирӯз шӯришиёни Либия дар шарқи ин кишвар аз маҳофили байналмиллалӣ дархост карданд, ки парвозҳо бар ҳарими ҳавоии Либияро мамнӯъ эълон кунанд. Ин дар ҳолест, ки ҳавопаймоҳои Муаммар Қаззофӣ таъсисоти нафтиро дар наздикии шаҳри Рас Лануф бомбборон карданд. Баъд аз чанд соати бомбборон раҳбарони шӯришиён дар шаҳри Бенғозӣ ин дархостро ба миён ниҳоданд. Қабл аз ин дархост Қаззофӣ гуфт, агар кишварҳои ғарбӣ ҳарими ҳавоии Либияро минтақаи ғайрипарвоз эълон кунанд, дар он сурат мардуми Либия “аслиҳа ба даст” хоҳанд гирифт.
XS
SM
MD
LG