Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикояти хабарнигори ӯзбак аз вазорати Қазоқистон


Як хабарнигори ӯзбак, ки дар Канада паноҳанда аст, шикоят дорад, ки мақомоти Қазоқистон ба ӯ раводиди сафар ба ин кишварро намедиҳанд. Ба гузориши бахши қазоқии Радиои Озодӣ, Улуғбек Ҳайдаров баъди муҳоҷираташ ба Канада се сол бо шиносномаи ӯзбакӣ ба Қазоқистон сафар кардааст, вале баъди гирифтани ҳаққи санади иқомат дар Канада, вазорати умури хориҷаи Қазоқистон ба ӯ раводиди сафар надодааст. Аммо консулгарии Қазоқистон дар Канада гуфтааст, то кунун дархости Улуғбек Ҳайдаров барои гирифтани раводидро нагирифтааст ва агар мегирифт, омилҳои рад шудани дархост барои раводиди сафарро дар номаи расмӣ ба ӯ шарҳ медод. Улуғбек Ҳайдаровро, мақомоти Ӯзбакистон соли 2006 барои фаъолияти хабарнигориаш ба 5 соли зиндон маҳкум карданд, вале ӯ бо пофишории созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ раҳо шуд ва сипас дар Канада мақоми паноҳандагӣ гирифт.
XS
SM
MD
LG