Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муноқишаи хунини масеҳиёну мусулмонон дар Миср


Маъмурони амниятӣ ва беҳдоштӣ мегӯянд, дар муноқишаи миёни масеҳиён ва мусулмонон дар шаҳри Қоҳираи Миср дар рӯзи сешанбе дасти кам 10 нафар кушта шудаанд. Низоъ баъди он ба вуқӯъ пайвастааст, ки масеҳиён як шоҳроҳи Қоҳираро ба нишони эътироз аз оташ задани як калисо дар ҳошияи ин шаҳр бастанд. Достони ишқи як марди масеҳӣ ва зани мусулмон сабаби оғози ин моҷаро шудааст. Рӯзи сешанбе баъди бастани шоҳроҳ, мусулмонон ва масеҳиёни мусаллаҳ бо калтаку ханҷару силоҳ ба ҳамдигар дарафтоданд. Масеҳиёни қибтӣ 10 дар сади аҳолии 80 миллионнафарии Мисрро ташкил медиҳанд ва пайваста аз табъиз алайҳи худ шикоят кардаанд.
XS
SM
MD
LG