Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Инфиҷор дар Душанберо "терроризм" арзёбӣ карданд


Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, инфиҷор дар яке аз маҳалҳои шаҳри Душанберо “терроризм” хонда ва дар робита ба он парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Нозирҷон Бӯриев, сухангӯи кумита гуфт, абзори тарканда, қудраташ баробари 50 грамм маводи таркандаи тротил дар маҳаллаи 82-уми шаҳри Душанбе мунфаҷир шуда, як навраси роҳгузарро маҷрӯҳ кардааст. Инфиҷор дар назди як ресторан сурат гирифта ва шишаҳои панҷараҳои хонаҳои атрофро шикастааст.
XS
SM
MD
LG