Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустин гузориши омбудсмени Тоҷикистон нашр мешавад


Зариф Алиев, бозраси ҳуқуқи башари Тоҷикистон нахустин гузориш дар бораи вазъи ҳуқуқи инсонро ба раиси ҷумҳур ва ниҳодҳои дигари давлат пешниҳод кардааст. Дар ин гузориш, вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар тамоми соли 2010 ва 4 моҳи охири соли 2009, яъне аз замони оғози ин бозраси ҳуқуқи башар арзёбӣ шудааст. Суҳайлӣ Қодиров, сухангӯи бозраси ҳуқуқи инсон ба РО гуфт, дар ин муддат бештар садҳо нафар аз нақзи ҳуқуқи худ ба ин ниҳод шикоят кардаанд: “Дар ҳамин 4 моҳи соли 209 ва соли 2010 ба мақомоти ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 1543 муоҷиат, аз он ҷумла 444 муроҷиати хаттӣ ва 1099 муроҷиати шифоҳии шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст." Суҳайлӣ Қодиров афзуд, гузориши мазкур ба зудӣ дар расонаҳои давлатӣ нашр хоҳад шуд. Созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон пайваста давлати Тоҷикистонро барои помол кардани ҳуқуқи мардум танқид кардаанд.
XS
SM
MD
LG