Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикасти Тоҷикистон аз Умон ба ҳисоби 1:3


Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон дар бозии ҷавобии сабқати интихобии Лондон-2012 аз тими Умон бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд.

Ин бозӣ рӯзи 9-ми март дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода баргузор шуд.

Як голи мизбононро ҳамлагар Давронҷон Тухтасунов дар нимаи аввали дидор ба самар расонд.

Вале дар нимаи дуввум меҳмонон се гол зада, бозиро ба нафъи худ анҷом доданд. Ёдовар мешавем, ки бозии аввал низ дар шаҳри Маскат бо пирӯзии Умон бо ҳисоби 4:1 ба анҷом расида буд. Ҳамин тариқ Умон ба даври баъдӣ роҳ ёфт.

Тоҷикистон аз идомаи мубориза барои роҳхатҳо ба Олимпиадаи Лондон-2012 маҳрум гашт.

Имрӯз, инчунин, ҳашт бозии ҷавобӣ баргузор мешавад:

Қирғизистон – Эрон (бозии аввал – 0:1)
Фаластин - Тайланд (0:1)
Туркманистон - Индонезия (3:1)
Ҷазоири Молдив - Ҳонконг (0:4)
Тайван - Урдун (0:1)
Бангладеш - Кувайт (0:2)
Покистон - Малайзиё (0:2)
Мянмар - Ҳиндустон (1:2)

Дирӯз, 8-уми март, Аморати Муттаҳидаи Араб дар бозии аввал бар тими меҳмон - Шри-Ланка бо ҳисоби 7:1 ғалаба кард. Бозии ҷавобии ин дастаҳо дар АМА 11-уми март барпо мегардад. Ду бозӣ миёни дастаҳои Яман ва Сингапур 19-ум ва 21-уми март дар Аморати Муттаҳидаи Араб доир хоҳад шуд.

Бояд тазаккур дод, ки барои роҳхатҳо ба Олимпиадаи Лондон 35 дастаи мунтахаби олимпии кишварҳои қораи Осиё мубориза мебарад. Дар даври муқаддамотӣ 22 даста, ки аз рӯи натоиҷи сабқати интихобии пешин рейтинги камтар дорад, бар асоси қуръакашӣ бо ҳам рақобат мекунанд.

Баъдан 11 дастаи ғолиби даври муқаддамотӣ рӯйхати 13 дастаи мунтахабро пурра мекунад ва дар даври дуввум 24 даста вориди рақобати ҷуфтӣ хоҳад шуд. Сипас 12 дастаи беҳтарин бар асоси қуръакашӣ ба се гурӯҳ тақсим хоҳад шуд.

Ғолибони гурӯҳҳои интихобӣ соҳиби роҳхатҳо ба Олимпиада Лондон мешаванд. Дастаҳое, ки ҷойҳои дуввумро мегиранд, дар сабқати изофии даврӣ дастаи ширкаткунандаи плей-оффи байниминтақавиро муайян мекунанд. Конфедеросиюни футболи Осиё дар сабқати олимпии футбол 3,5 ҷой мегирад.
XS
SM
MD
LG