Пайвандҳои дастрасӣ

Қаззофӣ ошӯбгарон дар Либияро "хоинон" номид


Бо идомаи ҳамла ба шаҳрҳои таҳти назорати ошӯбгарон Муаммар Қаззофӣ, раҳбари Либия имрӯз ошӯбгаронро “хоинон” номид. Дар суханроние дар телевизиони давлатӣ, Муаммар Қаззофӣ Амрикову Фаронса ва Бритониёро дар ин ошӯбҳо муттаҳам донист ва гуфт, онҳо мехоҳанд, майдонҳои нафти Либияро соҳиб шаванд. Ва айни ҳол Кетрин Эштон, масъули умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо гуфт, иттиҳодия масъалаи ирсоли маъмурияти низомӣ ба Либия ба хотири кӯмак ба интиқоли ғайринизомиён ва расидагӣ ба бӯҳрони башариро баррасӣ мекунад. Вазирони умури хориҷа дар рӯзи панҷшанбе ва сарони Иттиҳодияи Аврупо рӯзи ҷумъа авзоъ дар Либияро мавриди баҳс қарор хоҳанд дод. Бино ба гузоришҳо аз шаҳри Зовия дар наздикии пойтахт шаҳри Троблус миёни ошӯбгарон ва нерӯҳои Қаззофӣ ҷангҳои шадид ба вуқӯъ пайвастааст. Ба гуфтаи шоҳидон дар муҳосираи ин шаҳр 50 танк сафарбар шудааст. Ошӯбгарон хоҳони поён додан ба ҳукумати 41 солаи Муаммар Қаззофӣ дар Либия ҳастанд.
XS
SM
MD
LG