Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама ва Кемерон бӯҳрони Либияро баррасӣ карданд


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, ва Дейвид Кемерон, нахуствазири Бритониё дар як гуфтӯгуи телефонӣ дар мавриди бӯҳрони Либия, масъалаи эъломи қаламрави мамнӯъ барои парвоз дар фазои он кишварро баррасӣ кардаанд. Айни ҳол, нерӯҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ барои таҳти назорат гирифтани манотиқи таҳти контроли ошӯбгарон бо истифода аз мушакандозу, тонкҳо, ҳавопаймоҳои ҷангӣ ба мавзеъҳои онҳо ҳамла карданд. Бино ба гузоришҳо аз шаҳри Зовия дар наздикии пойтахт шаҳри Троблус миёни ошӯбгарон ва нерӯҳои Қаззофӣ ҷангҳои шадид ба вуқӯъ пайвастааст. Ошӯбгарон хоҳони поён додан ба ҳукумати 41 солаи Муаммар Қаззофӣ дар Либия ҳастанд.
XS
SM
MD
LG