Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷо Байден бо Дмитрий Медведев мулоқот мекунад


Ҷо Байден, муовини раиси ҷумҳури Амрико, имрӯз дар оғози сафараш ба Маскав бо Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия мулоқот мекунад. Кохи Сафед мегӯяд, Ҷо Байден умедвор аст, сафараш дар амри беҳбуди равобит миёни Амрикову Русия мусоидат хоҳад кард. Зоҳиран ду тараф дар мулоқот масъалаи истиқрори сипари дифоъи ҳавоии Амрико дар Аврупоро баррасӣ хоҳанд кард. Баъди мухолифатҳои зиёд ба ин барнома, Русия гуфт, дар сурати идораи муштараки ин система метавонад, дар истиқрори он ҳамкорӣ кунад.
XS
SM
MD
LG