Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати як тазоҳургари яманӣ дар шаҳри Санъо


Табибон дар Яман мегӯянд, як тазоҳургаре, ки бар асари бархӯрд бо пулис дар шаҳри Санъо маҷрӯҳ шуд, даргузаштааст. Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, рӯзи сешанбе нерӯҳои амниятӣ ба сӯи тазоҳургароне, ки хостори истеъфои Алӣ Абдулло Солеҳ, раиси ҷумҳури Яман ҳастанд, тир андохта ва дасти кам 65 нафарро маҷрӯҳ карданд. Абдулло Солеҳ, 32 сол боз дар ин кишвар ҳукумат мекунад. Бино ба гузоришҳо дар шаҳрҳои дигари Яман аз ҷумла шаҳри бандарии Аден ҳам тазоҳуротҳои зиддидавлатӣ баргузор шудааст.
XS
SM
MD
LG