Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Туркия монеъи вайрон кардани як пайкара шуд


Бино ба гузоришҳо, як додгоҳи Туркия амри ҳукумат барои вайрон кардани як пайкараеро, ки рамзи ошти миёни Туркия ва Арманистон аст, рад кардааст. Муҷассамаи 30 метрии нотамом дар шаҳри Карс воқеъ дар 50 километрии марзи Арманистон воқеъ аст ва тасвири як пайкари инсонист, ки аз он ду сар берун омадааст ва онро рамзи дарди ҷудоӣ мехонанд. Раҷаб Тайиб Эрдӯғон, нахуствазири Туркия баъди сафар ба Карс дар моҳи январ, муҷассамаи мазкурро “ҳаюлое” номид, ки ба гуфтаи вай, зиёратгоҳи исломии наздик ба онро таҳти шуоъ қарор медиҳад. Баъди ин ӯ дастур дод, то муҷассамаро хароб карда ва ба ҷойи он боғе бунёд кунанд. Аммо баъди интиқоди зиёди мухолифини давлати Туркия, додгоҳи шаҳри Эрзурум амр додааст, то муҷассамаро муваққатан вайрон накунанд.
XS
SM
MD
LG