Пайвандҳои дастрасӣ

Саршӯён маросими хосест, ки ҳангоми гусели арӯс аз хонаи волидонаш ба хонадони домод баргузор мешавад.

Ин маросимро лаҳзаи “худоҳофизи”-и духтар бо волидон низ меноманд. Саршӯён аз камтарин маросими мардумист, ки бо гузашти ҳазорсолаҳо тағийри андаке ёфтааст.

Дар минтақаи Кӯлоб, мисли дигар мавзеҳои Тоҷикистон, саршӯён бо тамоми вижагиҳои худ боқӣ мондааст.

"САРШӮЁН" ДАР АКСҲО

Пеш аз он ки арӯсро ба хонадони шавҳар гусел кунанд, дар зери суруди саршӯён духтарон болои сари арӯс чодар гирифта, ин маросимро иҷро мекунанд.

Дар зери гулдӯзӣ ё чодар дар зарфе шир, шона, оина ва пахта гузошта мешавад, ки ҳар кадоме аз инҳо рамзҳои хоси худро доранд.

Таҳи чодар зани кӯҳансоле мӯи сари арӯсро бо пахтаи сафед бофта ва бо шир мешӯяд, ки ба қавли пажӯҳишгарон ин рамзи бахти сафед ва зиндагии хубу хуш хостан ба арӯс аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG