Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Инфиҷоре дар Пешовар дасти кам 20 нафарро кушт


Полиси Покистон гуфт, инфиҷори бомб дар як маросими сӯгворӣ дар шимолуғарби кишвар дасти кам 20 нафарро кушт. Ба гуфтаи полис, зоҳиран ҳамла, кори дасти бобмгузори маргталаб будааст. Бомбгузорӣ дар наздикии шаҳри Пешовар ба вуқӯъ пайвастааст. Бомбгузор маросими дафни ҳамсари як қабиласолореро ҳадаф гирифтааст, ки муқобили Толибон меҷангад.
XS
SM
MD
LG