Пайвандҳои дастрасӣ

Таркиш дар ресторани "Лесная сказка"-и Душанбе


Аз маҳалли таркише, ки рӯзи 8 март дар шаҳри Душанбе рух дод, пластинаҳои детонатори маводи тарканда пайдо шудааст. Шоҳидони айнӣ мегӯянд, таркиш дар назди бинои тарабхонаи «Лесная сказка», воқеъ дар маҳаллаи 82 -пойтахт рух додааст. Бар асари он як наврас, ки писари посбони тарабхона будааст, ҷароҳати сабук бардошта, ҳоло дар беморхона қарор дорад. Ҳамчунин шишаи тирезаҳои манозили атроф низ бар асари таркиш фурӯ рехтаанд. Мақомоти амниятӣ мегӯянд, бо ин таркиш Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон сарукор дорад. Аммо ин мақом то ба ҳол дар ин мавзӯъ сӯҳбате накардааст.
XS
SM
MD
LG