Пайвандҳои дастрасӣ

Эъломияи муштараки Тоҷикистону Покистон


Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Юсуф Ризо Гелонӣ, нахуствазири Покистон

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Юсуф Ризо Гелонӣ, нахуствазири Покистон

Мақомоти Тоҷикистону Покистон гуфтаанд, ки ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталифро густариш хоҳанд дод.

Ин ҳамкориҳо бахшҳои тиҷорату иқтисод, мухобироту энержӣ, кишоварзиву беҳдошт ва варзишро дар бар хоҳад гирифт.

Ин нуктаро Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Юсуф Ризо Гелонӣ, нахуствазири Покистон, баъд аз мулоқоти худ дар шаҳри Исломобод изҳор доштаанд.

Онҳо дар Эъломияи муштарак имзо гузоштанд, ки ҳамаи бахшҳои ҳамкориро фаро мегирад. Нахуствазири Покистон Тоҷикистонро ҳамсояи наздики кишвараш ном бурд ва гуфт, ин ду кишварро танҳо водии Вахон аз ҳам ҷудо мекунад.

Дар мулоқоти дуҷониба тафсилоти ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ, илмӣ-техникӣ, фарҳангӣ ва амниятии Тоҷикистону Покистон баррасӣ шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз ҷумла таъкид дошт, ки "густариши ҳамкории ҳамаҷонибаи Тоҷикистону Покистон натанҳо ба нафъи ин ду кишвари дӯст, балки тамоми давлатҳои минтақа аст."

Аз ҷониби худ Юсуф Ризо Гелонӣ ҳавасмандии Покистонро ба густариши ҳамкории гуногунҷанба, хусусан дар соҳаи энергетика ва интиқоли нерӯи барқи арзон аз Тоҷикистон таъкид намуд ва изҳор доштааст, ки Покистон омода аст дастрасии Тоҷикистонро ба шабакаҳои нақлиётию транзитии худ, аз ҷумла бандарҳои баҳрӣ осон гардонад.

Ҳамчунин, ҷонибҳо аз ҳамкорӣ дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Конфронси Исломӣ, Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ (ЭКО) ва нишасти кишварҳои "Чоргонаи Душанбе", таъкид кардаанд.

Ҷониби Тоҷикистон ва Покистон ҳамчунон ҷиҳати кӯмак дар бозгашти сулҳу истиқрор дар Афғонистон изҳори омодагӣ намудаанд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар раъси як ҳайати баландпояи ҳукуматӣ дар Покистон қарор дорад.

Дар ин сафар раисҷумҳурро вазири умури хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, мушовири давлатӣ оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазирони энержӣ ва саноат, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, ҳифзи сиҳат ва дигарон ҳамроҳӣ доранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG