Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусавӣ ва хонумаш дар "хонаашон" будаанд


Сомонаи интернетии Мирҳусайн Мусавӣ-раҳбари мухолифони давлати Эрон мегӯяд, вай ва хонумаш дар хонаи худ ҳастанд ва барои иддаои қаблӣ, ки онҳо гӯё дар зиндон будаанд, бахшиш хостааст. Сомонаи Kaleme.com навиштааст, зану шавҳар дар ҳабси хонагӣ будаанд ва хабар дар бораи интиқоли онҳо ба зиндон нодуруст аст. Дар ҳамин ҳол, сомонаи Меҳдии Каррубӣ-раҳбари дигари мухолифон бо номи Sahamnews.org менависад, ки дар бораи маҳали буду боши оқои Каррубӣ ва хонумаш маълумот надорад, аммо мутмаин аст, ки онҳо ба самти номаълум бурда шудаанд. Мусавӣ ва Каррубӣ аз 14-ӯми феврал ба ин сӯ дар ҳабси хонагӣ ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG