Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Отунбоева яке аз 10 зани шуҷои ҷаҳон дониста шуд


Роза Отунбоева-раиси ҷумҳури Қирғизистон аз ҷумлаи 10 зане буд, ки дирӯз ҷоизаи Занони Шуҷои Ҷаҳонро дарёфт кард. Ин ҷоизаро вазорати корҳои хориҷии Амрико тақдим мекунад. Онро Мишел Обама-хонуми Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико ба вай супурд. Раиси ҷумҳури Амрико як рӯз пеш бо Отунбоева мулоқот ва аз талошҳои вай барои таҳкими демократия ситоиш кард. Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷии Амрико дар бораи талошҳоли Отунбоева чунин гуфт:

“ Ин занест, ки ба андешаи ман метавонад барои бисёре аз раҳбарони ҷаҳон намуна бошад, ки демократия ва қудрат чӣ гуна метавонад истифода шавад, ба мардуме кӯмак кунад, ки дар хидмати он ҳаст”.

Отунбоева дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ягона занест, ки ба мақоми раҳбарӣ расидааст.
XS
SM
MD
LG