Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эътирози Тоҷибоева ба ҷоизаи Отунбоева


Мӯътабар Тоҷибоева

Мӯътабар Тоҷибоева

Мӯътабар Тоҷибоева аз эътои ҷоизаи "ҷасорат"-и Вазорати корҳои хориҷии ИМА ба Роза Отунбоева норизоятӣ кардааст.

Ин фаъоли ҳуқуқи башари узбак гуфтааст, ба нишони эътироз ба эътои ҷоизаи ҷасорати вазорати хориҷаи Амрико ба раисҷумҳури Қирғизистон айни ҷоизаро, ки дар соли 2009 дарёфт карда буд, бар хоҳад гардонд.

Мӯътабар Тоҷибоева мегӯяд, эътои ҷоизаи занони шуҷоъ ба Роза Отунбоева "эътимоди мардумаш ба мурооти адолат ва ҳақиқат аз сӯи Амрикоро нобуд мекунад."

Ӯ дар як номаи саркушода навишт, ки Отунбоева "ба куштори хушунатбори ҳамқавмони ӯ дар Қирғизистон роҳ дода, ҷиҳати пешгирӣ аз сирқати кӯмакҳое, ки ба ин мардум ирсол шуданд, коре накард ва натавонист пеши роҳи поккории қавмиро бигирад ва қодир нест муҷозоти узбакҳоро, ки то ҳол идома дорад, қатъ кунад."

Хонум Тоҷибоева гуфтааст, дар як рӯйхати омадани исмаш бо Отунбоеваро, ки ба таъбири ӯ, «дастонаш то оринҷ оғӯштаи хун аст», хиёнат ба мардуми худ меҳисобад ва ба ин далел ҷоизаи вазорати хориҷаи Амрикоро радд мекунад.

Бар асари даргириҳои қавмӣ байни узбакҳову қирғизҳо дар ҷануби Қирғизистон дар тобистони гузашта беш аз 400 нафар кушта шуданд.
Вазорати хориҷаи Амрико ҷоизаи занони шуҷоъро ҳар сол тақдим мекунад ва аз соли 2007 ба ин сӯ 38 зан аз 27 кишвар ба ин ҷоиза мушарраф шудаанд.

Вазорати хориҷаи Амрико гуфтааст, Роза Отунбоеваро ба хотири дар як ҳукумати муваққат ба ҳам овардани мухолифини таърихан мутафаррқ бо ин ҷоиза тақдир мекунад.

Мӯътабар Тоҷибоеваи 49-сола барои фаъолиятҳояш дар роҳи дифоъ аз ҳуқуқи инсон дар Узбакистон 2 сол зиндонӣ ҳам шудааст.
XS
SM
MD
LG