Пайвандҳои дастрасӣ

Қозии додгоҳи Фаронса муҳокимаи парвандаи фасод алайҳи раиси собиқи ин ҷумҳурӣ Жак Ширакро то моҳи июн ба таъхир андохт. Ин додгоҳ дирӯз шурӯъ шуда буд. Шираки 78-сола ба сирқат, сӯъиистифода аз мақом ва бархӯрди манофеъ дар симати шаҳрдори Порис айбдор мешавад. Ширак то замони расиданаш ба мақоми президентӣ дар соли 1995 шаҳрдори пойтахти Фаронса буд. Қозӣ Доминик Пауф ин муҳокимаро то замони таҳқиқи машрӯъияти иттиҳомоти зидди Ширак ба ақиб гузоштааст. Дар сурати дайн шудани иттиҳомот, Ширак метавонад ба 10 соли зиндон ва пардохти 150 000 евро ҷарима маҳкум шавад. Ширак, ки то анҷоми давраи раёсаташ дар соли 2007 аз масунияти президентӣ бархӯрдор буд, ин иттиҳомотро радд мекунад.
XS
SM
MD
LG