Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи даргириҳо барои бандари Рослонуф дар Либия


Чирикиҳо дар даромадгоҳи Рослонуф

Чирикиҳо дар даромадгоҳи Рослонуф

Вазирони хориҷаи Лигаи давлатҳои арабӣ рӯзи шанбе дар як нишасти изтирорӣ афзоиши хушунатҳо дар Либияро баҳс хоҳанд кард. Имрӯз Конфаронси кишварҳои исломӣ низ дар посух ба истифодаи нирӯҳои раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ аз зӯри ҳавопаймоҳо дар муқобили шаҳрҳои таҳти назорати чирикиҳо ба бунёди ҳарими барои парвоз мамнӯъ дар Либия даъват кард. Фаронсаву Бритониё низ ҷӯёи қарори Шӯрои Амният дар мавриди минтақаи барои парвоз мамнӯъ эълон кардани ҳарими ҳавоии Либия мебошанд. Русия аммо гуфтааст, мухолифи таҷовузи хориҷист.
Бо ин ҳол, нирӯҳои Қаззофӣ имрӯз ҳамлаҳои ҳавоӣ ба бандари нафтии Рослонуфро аз сар гирифтанд. Дирӯз онҳо шаҳри Бин Ҷовид, воқеъ дар наздикии Рослонуфро дубора зери назорати худ оварданд.
Чирикиҳо мегӯянд, аз мақомоти тарафдори Қаззофӣ даъват ба музокирот гирифта, вале ин пешниҳодро радд кардаанд. Мақомоти давлатӣ ин иддаоро “сафсата” мехонанд. Қаззофӣ батакрор мегӯяд, ягон мақоми расмӣ надорад, ки истеъфо диҳад.
XS
SM
MD
LG