Пайвандҳои дастрасӣ

Пулиси Яман алайҳи тазоҳургарон аз силоҳ кор бурд


Пулиси Яман имрӯз барои пароканда кардани ҳазорон эътирозгар дар ду минтақаи ин кишвари ҷануби нимқораи Араб аз силоҳҳои ҷангӣ истифода бурдааст. Дар вилояти ҷанубии Шабва ва вилояти шарқии Заморбо талаби хатми ҳукумати 33-солаи раисиҷумҳури Яман Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ даҳҳо ҳазор тазоҳургар гирди ҳам омада буд. Имрӯз ҳамчунин барои нахустин бор аз шурӯъи эътирозҳо дар кӯчаҳои пойтахти Яман- шаҳри Санъо- низ нирӯҳои мусаллаҳ мустақар шуданд. Бо вуҷуди даъвати Солеҳ ба музокирот, эътирозҳои зидди ӯ дар Яман ҳамчунон идома дорад.
XS
SM
MD
LG