Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи Девис дар Лоҳур ба таъхир гузошта шуд


Додгоҳи Покистон муҳокимаи парвандаи амрикоии муттаҳам ба қатли ду покистониро то чоршанбеи оянда ба таъхир гузошт. Амрико талош дорад, то Раймонд Девисро ба маҳзи масунияти дипломатӣ доштанаш раҳо кунанд. Девис мегӯяд, рӯзи 27 январ дар шаҳри Лоҳур ду покистонии мусаллаҳи мотосиклсаворро ба хотири дифоъ аз худ паррондааст.
Муҳаммадвосим, бародари яке аз кушташудагон аммо мегӯяд: "Мо ниёз ба доллар ё чизи дигар надорем. Мо дар ивази хун хун талаб дорем. Иншоллоҳ, адолат тантана хоҳад кард. Ҳамачиз дар дасти додгоҳ аст ва ҳар ҳукме қабул кунад, мо мепазирем.”
Дар сурати дайн шудани гуноҳаш Девис метавонад ба қатл маҳкум шавад. Ин қазия лаҳни зидlиамрикоиро дар Покистон шиддат дода, равобити ду муттаҳиди наздикро боз ҳам дучори танишҳои бештар кардааст.
XS
SM
MD
LG