Пайвандҳои дастрасӣ

Эълони иттиҳом ба 189 дарвеш дар Буруҷирди Эрон


Гурӯҳе аз дарвешони эронӣ

Гурӯҳе аз дарвешони эронӣ

Додгоҳи шаҳри Буруҷирд дар ғарби Эрон 189 дарвеши пайрави ҷараёни Неъматуллоҳи Гунободиро барои бозпурсӣ эҳзор карда, алайҳи онҳо 10 иттиҳом эълон кардааст. Мустафо Озмоиш, намояндаи ҷамъияти сӯфиёни Гунободӣ дар хориҷ аз Эрон ба Радиои Фардо гуфт, ин дарвешон аз ҷумла ба «тавҳин ба мақомот» айбдор мешаванд.
Аммо раҳбари қувваи қазоияи Буруҷирд Муҳаммадсодиқ Акбарӣ гуфтааст, ки ҷамъи афроди эҳзоршуда, бо шумули вакилони мудофеъи онҳо 15 нафар буд, на 189. Дарвешони сӯфӣ дар аҳди Маҳмуди Аҳмадинажод дар Эрон таҳти таъқиби зиёдтар қарор гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG