Пайвандҳои дастрасӣ

"Баробарҳуқуқии зан иҷроиношуда боқӣ мемонад"


Пулис дар Беларус дар рӯзи 8 март ба занон гул тақдим мекунад

Пулис дар Беларус дар рӯзи 8 март ба занон гул тақдим мекунад

Раҳбари идораи занони СММ гуфт, тайи 100 соле, ки аз нахустин таҷлили Рӯзи байналмилалии занон мегузарад, пешрафти ҷиддие ба даст омадааст. Раисиҷумҳури собиқи Чилӣ Мишел Бачеле дар паёме бахшида ба 100-солагии иди 8 март гуфт, заноне, ки ба муборизаҳо барои шароити беҳтари корӣ, ҳаққи овоздиҳӣ ва раҳбарӣ оғоз гузоштанд, шояд ба ҷаҳони муосир бо нигоҳе “омехтаи ҳам ифтихор ва таассуф” нигоҳ кунанд. Ӯ афзуд, баробарии ҷинсӣ як ҳадафи иҷроиношуда боқӣ мемонад. 8 март дар соли 1975 аз сӯи СММ ҳамчун Рӯзи байналмилалии занон эътироф шуд, вале ин ид дар кишварҳои вақти коммунистӣ маъруфияти бештар дошт. Аммо дар Тоҷикистон 8 март 3 сол боз чун Рӯзи модар таҷлил мешавад.
XS
SM
MD
LG