Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талошҳо барои манъи парвозҳо дар фазои Либия


Акмалиддин Эҳсонуғлӯ
Акмалиддин Эҳсонуғлӯ
Конфаронси кишварҳои исломӣ низ имрӯз ба мавҷи даъватҳои байналмилалӣ ҷиҳати бунёди ҳарими барои парвоз мамнӯъ дар Либия пайваст. Дабири кулли Конфаронс Акмалиддин Эҳсонуғлӯ дар нишасти изтирории ин созмони иборат аз 57 кишвар дар Ҷиддаи Саудия гуфт, ки онҳо аз Шӯрои Амният тақозо мекунанд, ки ин масъулиятро иҷро кунад.
Фаронсаву Бритониё низ ҷӯёи қарори Шӯрои Амният дар мавриди минтақаи барои парвоз мамнӯъ эълон кардани ҳарими ҳавоии Либия мебошанд. Амрико мегӯяд, тамоми роҳҳо, аз ҷумла роҳи низомӣ, дар дасти баррасӣ қарор дорад. Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама гуфт, масъулияти саркӯбии эътирозҳои зидди ҳукумати 41-солаи Муаммар Қаззофӣ бояд бар дӯши ӯву атрофиёнаш гузошта шавад.
Русия аммо гуфтааст, мухолифи ҳар навъ дахолати нирӯҳои хориҷист.
XS
SM
MD
LG