Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми Обама ба атрофиёни Қаззофӣ


Обама ва Қаззофӣ(аз бойгонӣ)
Обама ва Қаззофӣ(аз бойгонӣ)
Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама гуфт, Амрикову муттаҳидинаш дар паймони низомии НАТО роҳҳои низомии посух ба саркӯбии мардуми мулкӣ дар Либияро баррасӣ мекунанд. Обама гуфт, масъулияти саркӯбии эътирозҳои зидди ҳукумати 41-солаи Муаммар Қаззофӣ бояд бар дӯши ӯву атрофиёнаш гузошта шавад: «Ман мехоҳам ба онҳое, ки дар атрофи Қаззофианд, паёми хеле рӯшан бифиристам. Ин дар дасти худи онҳост, ки барои оянда ба кадом самт хоҳанд рафт ва масъулияти идомаи ҳар навъ хушунат дар онҷо бар дӯши онҳо гузошта хоҳад шуд.»
Кохи Сафед гуфт, тамоми роҳҳо, бо шумули таъмини силоҳ кардани чирикиҳо дар дасти баррасист.
Вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс аммо муҳтотона гуфт, чунин иқдом бояд таҳти ҳимояти байналмилалӣ иттиҳоз шавад.
Дабири кулли НАТО Андерс фоғ Расмуссен низ ба зарурати ахзи ризоияти СММ таъкид варзидааст. Русия аммо гуфтааст, мухолифи ҳар навъ дахолати нирӯҳои хориҷист.
XS
SM
MD
LG