Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рафсанҷонӣ аз раҳбарии Маҷлиси хибрагон канор рафт


Раисиҷумҳури собиқи Эрон Алиакбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ мақоми калидӣ ва пурнуфузи раиси Маҷлиси хибрагонро аз даст дод. Рафсанҷонӣ, ки ба маҳзи қаробаташ бо мухолифини ислоҳталаб ба интиқоди тундравон рӯбарӯ шуда буд, аз раҳбарии ин ниҳоди 86-нафарии масъули интихоби раҳбари рӯҳонии Эрон ва назорат бар фаъолиятҳои ӯ канор рафтааст. Рафсанҷонӣ, ки 4 сол ба ин сӯ раҳбарии Маҷлиси хибрагонро бар дӯш дошт, баъди анҷоми нишасти ин Маҷлис гуфт, ба хотири ҷилавгирӣ аз тафриқа ва ҷудоии бештар дар ҷомиаи Эрон канор рафтааст. Ба дунболи аз номзадиаш даст кашидани Рафсанҷонӣ оятуллоҳ Муҳаммадризо Маҳдавии Кании 80-сола раиси Маҷлиси хибрагон интихоб шуд.
XS
SM
MD
LG