Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозпурсии ҳамроҳони Мирзохӯҷа Аҳмадов


Мирзохӯҷа Аҳмадов, собиқ фармондеҳи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин ва сардори пешини Бахши мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи ВКД дар Рашт
Мирзохӯҷа Аҳмадов, собиқ фармондеҳи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин ва сардори пешини Бахши мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи ВКД дар Рашт

Чанд тан аз аъзои гурӯҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов мавриди бозпурсии мақомот қарор гирифтаанд.

Олим Одилов, аз гурӯҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов, гуфт, мақомот онҳоро дар бораи ширкат доштан ва ё надоштанашон дар ҳамла болои корвони мошинҳои Вазорати дифоъ дар Камароб пурсидаанд.

Дар ҳамлаи гурӯҳи мусаллаҳ болои корвони мошинҳои Вазорати дифоъ дар соли гузашта 28 сарбози ин вазорат кушта шуд.

АҲМАДОВРО НАПУРСИДААНД

Мақомот дар оғоз Мирзохӯҷа Аҳмадовро барои ташкили ин ҳамла муттаҳам карда, вале баъдан гуфтанд, ки ин ҳамла кори дасти Аловуддин Давлатов, маъруф ба Алии Бедакӣ ва Абдулло Раҳимов, маъруф ба Мулло Абдулл будааст.

Бо ин ҳол, ба гуфтаи Олим Одилов, худи Мирзохӯҷа Аҳмадов мавриди бозпурсӣ қарор нагирифтааст. Аммо вай афзуд, “ҳич фишоре болои мо сурат нагирифта ва бозпурсӣ мувофиқ ба қонунҳои кишвар ҷараён дорад.”

То ҳоло мақомоти расмӣ ин хабарро таъйид ва ё такзиб накарда ва ҳам ҳадаф аз бозпурсии гурӯҳи Мирзохӯҷа Аҳмадовро изҳор надоштаанд. Олим Одилов мегӯяд, гӯиё ин бозпурсӣ ба хотири авфи гурӯҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов сурат мегирад.

ТАСЛИМИ СИЛОҲҲО

Ҳоло ба гурӯҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов, фармондеҳи собиқи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини пешин ва раҳбари собиқи Бахши мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи ВКД дар Рашт, ҳудуди сӣ нафар шомиланд, ки феҳрасти онҳо расман ба мақомот пешниҳод шудааст.



Дар оғози моҳи март Мирзохӯҷа Аҳмадов ва 11 ҷонибдораш аслиҳаи худро ба мақомоти интизомии Тоҷикистон таслим карданд.

Бар асоси иттилои расмӣ, Мирзохӯҷа Аҳмадов ва ҳамроҳони ӯ, аз ҷумла Саидҷаъфар Рафиев, Тоҷиддин Додаров ва Шариф Одилов ду милтиқи снайперӣ, як норинҷакандоз, як мусалсал ва ҳашт автомати Калашников, ҷамъ 12 адад силоҳро супоридаанд.

Мақомот гуфтанд, ки ин силоҳҳоро мавриди таҳқиқ қарор додаанд.
Исми Мирзохӯҷа Аҳмадов дар моҳи феврали соли 2008, баъд аз ҳодисаи куштори фармондеҳи нерӯҳои зудамал ё ОМОН-и вазорати умури дохилӣ Олег Захарченко сари забонҳо уфтод ва то кунун дар таҳаввулоти Тоҷикистон зикр мешавад.

МУҚОБАЛА БО БЕДАКӢ

Моҳи сентябри соли гузашта, баробари шурӯъи амалиёти густарда дар шарқи Тоҷикистон мақомот Мирзохӯҷа Аҳмадовро ба пинҳон кардани Мулло Абдулло, раҳбари гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ҳамлаи 19-уми сентябр ба корвони мошинҳои вазорати дифоъ, ки 28 афсару сарбозро кушта ба ҷой гузошт ва таъсиси макотиби террористӣ барои наврасон айбдор карда буданд.

Аммо ба назар мерасад, ки баъд аз як гуфтушунид бо мақомоти давлатӣ Мирзохӯҷа Аҳмадов мақомотро мӯътақид кард, ки дар ин ҷароим даст надорад ва барои муқобила бо гурӯҳҳои Аловуддин Давлатов, муллақаб ба Алии Бедакӣ ва Мулло Абдулло кӯмак мерасонад.

XS
SM
MD
LG