Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифати Холов ба низоми раводид бо Русия


Як вакили парлумони Тоҷикистон гуфтааст, ки ҷорӣ шудани низоми раводид байни Тоҷикистону Русия ба вазъи иқтисодӣ дар ҳарду кишвар таъсири бад хоҳад гузошт. Саттор Холов, муовини раиси кумитаи ҳуқуқу дифоъ ва амнияти Маҷлиси намояндагон ба хабарнигорон гуфт, ин амал нафақат ба иқтисоди Тоҷикистон, балки ба иқтисоди Русия низ асобат карда, равобити суннатан хуби байни ин ду кишварро бадтар хоҳад кард. Қаблан Семён Багдасаров, вакили Думаи давлатии Русия ба манзури коҳиши маҷрои муҳоҷират эъмоли низоми раводид бо Тоҷикистонро пешниҳод кард. Ҳамасола то 1 миллион нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон худро ба бозори кори Русия мезанад ва ба ҳисоби Бонки марказии Русия, муҳоҷирони тоҷик соли гузашта аз ин кишвар ба зодгоҳи худ 1,8 миллиард доллар пул фиристодаанд.
XS
SM
MD
LG