Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз санадҳои ҳамкории Тоҷикистону Покистон имзо мешавад


Боздиди Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз Покистон идома дорад. Қарор аст имрӯз, сешанбе дар дуввумин рӯзи ин боздид вай бо Юсуф Ризо Гилонӣ-нахуствазири Покистон мулоқот анҷом диҳад. Баъд аз мулоқот ҷонибҳои Тоҷикистону Покистон як силсила асноди ҳамкориҳои дуҷониба имзо мекунанд ва ин аснод ба Тоҷикистон имкони ҳамлу нақли транзитии молу коло аз тариқи бандарҳои Покистонро фароҳам меорад. Шоми дирӯз дар як маҷлиси зиёфат ба ифтихори ҳайати Тоҷикистон дар Айвони Садри Исломобод Осиф Алӣ Зардорӣ-раиси ҷумҳури Покистон гуфт, ки кишвараш омода аст, дастрасии Тоҷикистон ба бандарҳои обӣ, ба вижа дар бандари Гвадарро соддатар кунад. Ба навиштаи хабаргузории Ассошинейтед Пресси Покистон, ин кишвар омода аст, қарордоди сеҷонибаи тиҷорати транзитии миёни Покистону Афғонистон ва Тоҷикистонро баррасӣ ва имзо кунад. Раиси ҷумҳури Покистон ҳамчунин хостори афзоиши парвозҳо миёни ду кишвар шудааст. Дар посух ба ин суханон раиси ҷумҳури Тоҷикистон хостори тавсеаи ҳамкориҳои бисёрҷонибаи ду кишвар, ба хусус дар бахши энержӣ шуд.
XS
SM
MD
LG