Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи байналмиллалии занон аз куҷо сарчашма мегирад?


Имрӯз бо Рӯзи байналмиллалии занон мусодиф аст. Соли ҷорӣ ин рӯз аз он нуқтаи назар муҳим аст, ки аз рӯзи эълони он 100 сол мегузарад. Дуруст 100 сол пеш зане бо номи Клара Цеткин, ки он вақт раҳбари бахши занон дар Ҳизби Сотсиал-Демократи Олмон буд, дар дуввумин конфронси байналмиллалии занони коргар дар Копенгаген пешниҳод кард, ки 8-ӯми март “Рӯзи занон” эълон шавад. Ин бад-он хотир буд, ки занон битавонанд хостҳои худро дар ин рӯз матраҳ кунанд. Дар ин конфронс 100 зан аз 17 кишвар ширкат доштанд. Онҳо пешниҳоди Клара Цеткинро пазируфтанд ва 8-ӯми мартро Рӯзи Байналмиллалии Зан эълон карданд. Кишварҳои ҷаҳон тадриҷан ин рӯзро ба расимят шинохтанд. Вале баъд аз пирузии Инқилоби Октябр дар Шӯравии собиқ ин рӯз бештар маъруфият пайдо кард. Дар Тоҷикистон низ ҳар сол ин рӯзро ҷашн мегиранд. Вале 3 соли пеш раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо дастуре 8-ӯми мартро Рӯзи Модар эълон кард. Аммо баъзе нируҳои сиёсӣ бо он розӣ нестанд ва мегӯянд, решаҳои Рӯзи байналмиллалии занон аз ҷои дигар сарчашма мегирад ва бо рӯзи модар иртибот надорад.
XS
SM
MD
LG