Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳоҷирони кории Узбакистон қариб $3 млд пул фиристодаанд


Сомонаи интернетии CentralAsiaOnline.com аз қавли Бонки Марказии Русия хабар додааст, ки соли гузашта аз Русия ба Узбакистон нисбат ба ҳар кишвари дигар пул интиқол дода шудааст. Ин пулҳои муҳоҷирони кории шаҳрвандони Узбакистон аст, ки дар давоми сол онҳо ба хонаводаҳои худ фиристодаанд. Ин маблағ 2 миллиарду 850 миллион долларро ташкил додааст. Тоҷикистон мақоми дуввумро ишғол мекунад ва муҳоҷирони тоҷик 2 миллиарду 220 миллион доллар ба Тоҷикистон фиристодаанд.
XS
SM
MD
LG